Шаҳрванди Узбакистонро дар Банкок дар куштори дӯстдухтараш муттаҳам медонанд
Як шаҳрванди Узбакистон дар Бангкок бо иттиҳоми куштори дӯстдухтараш боздошт шудааст.
Bangkok Post навиштааст, ин шаҳрванди 23-солаи Узбакистон ҷасади духтарро даруни ҷомадон андохта, ба наҳр партофтааст. Дастгиршуда дар анҷоми куштор иқрор шуда, ба пулис гуфтааст, дар натиҷаи як низои лафзӣ, ки дӯстдухтараш модарашро дашном дод, ӯро ба ҳалокат расонд.
Пулис ҷомадони ҳомили мақтулро аз стансияи обкашӣ пайдо кардааст. Ба иттилои пулис дар бадани ҷасади ин бонуи 24 сола озори шиканҷа дида мешудааст. Чашм, бинӣ ва гардани ӯ бо чанд қабат лента баста шудааст. Тахмин меравад, ӯ аз ҳафт рӯзи қабл нобуд шудааст.
Дастгиршуда гуфтааст, бо ин духтар беш аз як сол боз шинос буда, муносибати маҳрамона доштааст. Ба гуфтаи ӯ, қасди куштанашро надошт ва ҳангоми ҷанҷол духтар аз зинапояҳо афтида, фавтид.
Дар акс гумонбар дар либоси сиёҳ аст.