Артиш баъди ду сол ба куштани Муҳаммад Рузӣ муваффақ шуд
Муҳаммад Рузӣ, собиқ сарбози артиши миллии Афғонистон, ки авохири соли 2011 ба хизматчиёни ҳарбии Австралия ҳамла карда буд, бар асари як амалиёти неруҳои Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои давлати исломӣ хабар додаанд.
Ҳамла ба неруҳои хориҷӣ дар наздикии маҳаллаи Чармистони вилояти Урузгон ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он се низомии Австралия ва ду сарбози афғон ҷароҳат бардошта буд. Ҳамлавар аз ҷои ҳодиса фирор кард.
Баъдан, ҳаракати “Толибон” муроҷиатномаи видеоии Муҳаммад Рузиро нашр кард, ки дар он гуфа мешуд, “барои он ки ба низомиёни хориҷӣ ҳамла кунад, бо онҳо ҳамкорӣ намуд”.
Барои пайдо намудани Рузӣ неруҳои ҷосусии Австралия чандин моҳ фаъолият бурдаанд. Кевин Радд, нахуствазири ин кишвар дар як паём ба натиҷаи амалиёти маҳви собиқ сарбоз баҳои баланд додааст.