Паҳлавонони тоҷик дар Доғистон қувваозмоӣ мекунанд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба муҳорибаҳои омехта дар мусобиқаи кушод миёни варзишгарони аз 18 то 21 сола, ки рӯзҳои 26-27-уми август дар шаҳри Махачкалаи Доғистон баргузор мегардад, ширкат мекунанд.
Тавре Сайдалӣ Уразалиев, президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, ин мусобиқа ҳар моҳ миёни клубҳои шинохтаи ҷаҳон баргузор мегардад: “Тоҷикистонро клуби “Наврӯз”-и Комбинати гушт ва консерваи шаҳри Душанбе ва клуби “Барқ”-и ширкати “Барқи тоҷик” муаррифӣ мекунанд.”
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳорибаи омехта
Варзишгарони клуби “Наврӯз”: Шукрулло Носиров (62кг), Ахмед Мирзоев (67кг) ва Азиз Ҳайдаров (73 кг).
Варзишгарони клуби “Барқ”: Абдуқодир Азизов вазни (62кг), Диловар Давлатов (67кг) ва Искандар Маҳмадуллоев (73кг) қувваозмоӣ мекунанд. Ҳамчунин Искандар Маҳмадуллоев дар муҳорибаи олӣ рақобат мекунанд.
Варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқа Сайдалӣ Уразалиев, президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ва Шайдулло Ахмедов мураббии Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.
Манбаъ илова намуд, ки инчунин ҳайати мазкур, 24-уми август дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаи омехта, ки дар Чеченистон баргузор мешавад, бо даъвати Ал-Муҳаммад Шариф, ташкилотчии мусобиқаҳои омехта, ҳамчун меҳмон ширкат мекунанд.