Садамаи мошини “тӯёна” 3 фавтида барҷой гузошт
Имрӯз, 19-уми август, як маҷруҳи дигаре, ки ҳангоми садамаи мошин аз корвони тӯёна, як рӯзи пеш ҷароҳат бардошта буд, ба ҳалокат расидааст ва теъдоди фавтидагони ин садама ба 3 нафар баробар шуд.
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон таъйид намуд, ки 17-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 11: 00 донишҷӯи Колеҷи политехникии Тоҷикистон, Афзал Бобоеви 20-сола бо мошинаш “Daily Leganza” дар қатори корвони тӯёна аз тарафи маҳаллаи Қулписта ба тарафи кӯчаи Амиршоеви Душанбе ҳаракат мекардааст ва суръати мошинро аз ҳад баланд карда, аз уҳдаи идораи он намебарояд ва ба дарахти канори роҳ бармехӯрад.
Ба иттилои БДА дар натиҷаи садама 4 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол дода мешаванд: “Худи он рӯз дар беморхона Афзал Бобоев ва як нафар мусофир Шуҳрат Шераливи 22 сола ҷони худро аз даст медиҳанд.”
Тавре ба “Озодагон” маълум гардид, имрӯз як маҷруҳи дигари ин садама низ ҷон бохтааст.