(АКС) Сӯхтори анбуҳи зарфҳои пластикӣ дар Душанбе
Субҳи имрӯз, 19-уми август, дар кӯчаи Фединаи Душанбе, анбуҳи зарфҳои пластикӣ оташ гирифта, дуди ғализеро ба бор овард.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, кӯдакон як хори марғелони назди зарфҳоро оташ задаанд ва он ба зарфҳо гузашта, эҳтимоли сӯхтани анбори "химчистка" ва дигар корхонаҳои наздашро ба бор овардааст. Аммо ба гуфтаи шоҳидон, се мошини сӯхторхомӯшкунӣ талош намуданд, аз интиқоли оташ ба анбору хушкашӯй ва дигар коргоҳҳо ҷилавгирӣ кунанд ва ноил ҳам шудаанд. Айни ҳол хомӯшкунии оташ идома дорад.