Пажуҳиш: Раҳмон аз Назарбоев ва Бердимуҳаммадов уҳдабаротар аст
Бар асоси як назарпурсии оммавӣ, ки дар торнамои “yourruler.com” дар интернет роҳандозӣ шудааст, чаҳор раисиҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи ҳокимони бадтарини дунё муаррифӣ шудаанд.
Тибқи натиҷаи овоздиҳӣ дар “yourruler.com”, то субҳи имрӯз, 19-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтоёни туркману узбаку қазоқи ӯ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ислом Каримов, Нурсултон Назарбоев, дар қатори 20 ҳокими бадтарини дунё қарор гирифтаанд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баъд аз Стивен Харпер, нахуствазири Канада дар садри феҳристи ҳокимони бадтарин бо 8 ҳазору 918 раъйи манфӣ қарор дорад.
Нурсултон Назарбоев бо 7 ҳазору 629 раъйи манфӣ баъд аз Бердимуҳаммадов, дуюмин ҳокими ноуҳдабарои Осиёи Марказӣ арзёбӣ шудааст. Аз ин нигоҳ Эмомалӣ Раҳмон бо 3853 раъйи манфӣ дар ҷои сеюм ва ҳамтои узбакаш Ислом Каримов, бо 3773 раъй дар қатори чаҳорум ҷой гирифтаанд.