Нафақахӯри Узбакистон тамоми кишварро пиёда тай кардааст
Адҳам Ҳасанов, як сокини 63-солаи Узбакистон тамоми қаламрави ин кишварро пиёда тай кардааст.
Нашрияи "Адолат кӯзгуси" (Оинаи адолат) масофаи тайкардаи Ҳасановро 5500 километр нишон медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ӯ нахуст тариқи хатсайри Тошканд-Намангон-Фарғона ҳаракат намудааст. "Ин масофаро, ки 500 км аст, Ҳасанов дар 17 рӯз тай кардааст. Баъдан давоми 29 рӯз тавассути Тошканд-Сирдарё-Ҷизах-Қашқадарё-Бухоро 1200 км ҳаракат намудааст",-менависад рӯзнома.
Қисмати охири сайёҳаташро бознишастаи 63-сола аз Бухоро то Нуқус дар 41 рӯз тай мекунад.
Адҳам Ҳасанов гуфтааст, ҳангоми сайёҳат ба ягон мушкилӣ ҷиддӣ рӯбарӯ нашудааст, чун одат дорад, ки қабл аз ҳар сафар иқлими роҳро омӯхта, дар мавриди ҳайвонҳои даррандааш маълумот бигирад.
Ин нафақахӯр гуфтааст, орзӯи аслияш ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид шудан аст.