Даъвати дубораи ҳайати ҲНИТ ба додситонии шаҳри Хоруғ
Ҳайати эъзомшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) ба Бадахшон дубора ба додситонии шаҳри Хоруғ даъват шуданд.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ ва узви ин ҳайат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, имрӯз 17-уми август аъзои ҳайати мазкур ба додситонии шаҳри Хоруғ бозхонда шуданд: “Наимҷон Оқилҷонов, муфаттиши додситонии вилояти Бадахшон якояки аъзои ҳайатро бозпурсӣ карда, дубора байёноти иловагӣ гирифт.”
Ба гуфтаи хонум Раҳмонӣ, ҳадаф аз ин даъвати дубора ба додситонӣ пурра намудани баёноти онҳо будааст: “Оқилҷонов гуфт, ҳадафи даъвати муфаттишон танҳо пурра намудани баёнот мебошад.”
Мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ гуфт, феълан ҳайати ҲНИТ дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ ҳузур дорад.
Як ҳайат аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои анҷоми сафари корӣ ба вилояти Бадахшон рафта будаанд, шоми 15-уми августи соли ҷорӣ, ҳангоми берун шудани онҳо аз ноҳияи Рӯшон дар наздикии Шуғнон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтаанд.