Президент гуфт, ҳизбашро тарк мекунад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон эълон дошт, қасди берун шудан аз ҳайати Ҳизби демократиро, ки масъулияти сарварияш бар души ӯст, дорад.
ИТАР-ТАСС менависад, Бердимуҳаммадов дар ин бора зимни ҷаласаи Ҳизби демократии Туркманистон хабар додааст.
«Президенти кишвар набояд аъзои ягон ҳизб бошад, то дар шароити бисёрҳизбӣ ба ҳизбе, ки дар он шомил аст, бартарият надиҳад», – изҳор доштааст Бердимуҳаммадов.
Ҳизби демократии Туркманистон соли 1991 дар ҷои Ҳизби комунистии Туркманистони Шӯравӣ таъсис ёфта, тайи 20 сол ягона ҳизби амалкунандаи ин кишвар буд. Беш аз 15 сол раҳбарии онро Сапармурод Ниёзов, собиқ котиби Кумитаи марказӣ бар душ дошт. Баъди марги Ниёзов ба ин курси Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нишаст.
Моҳи январи соли 2012 парлумони Туркманистон қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро қабул кард, ки таъсиси ҳизбҳои дигарро иҷозат медод. Бо гузашти якуним сол дар Ашхобод Ҳизби соҳибкорони Туркманистон сабти ном шуд.