Зани президент албоми таронаҳои хип-хопро таҳия мекунад
Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама президенти ИМА тасмим гирифтааст, як албоми иборат аз таронаҳои хип-хопро таҳия созад.
Бино ба иттилои The Hollywood Reporter худи бонуи аввали Амрико дар сабти ин маҷмуа ширкат намекунад, аммо шахсан мусиқанавозонро барои иҷрои таронаҳо интихоб кардааст. Гуфта мешавад, ин албом 19 таронаи маъруфи жанри хип-хопро дар бар мегирад.
Ин маҷмуа дар чорчуби барномаи “Ба пеш!” («Let’s Move!»)-и Мишел Обама, ки ҳадафаш мубориза бо фарбеҳшавии кӯдакону наврасон бо кӯмаки истифодаи тарзи ҳаёти солим аст, таҳия хоҳад шуд. Барномаи мазкур аз се соли қабл фаъолият мекунад.
Ин бори аввал нест, ки бонуи аввали Амрико бо иштироки ситораҳои шоу бизнес барномаи “Ба пеш!”-ашро амалӣ мекунад. Моҳи феврали соли равон барои он ки наврасон ва волидони онҳоро ба тарзи ҳаёти солим даъват кунад, Мишел Обама ҳамроҳ бо Ҷимми Фэллон дар шоуи «Late Night with Jimmy Fallon» рақсид, ки ба сербинандатарин навори YouTube табдил шуд.