Дархости ФФФ аз ФИФА барои нишондодани корти сурх ба Исроил
Федератсияи футболи Фаластин(ФФФ) аз ФИФА хост, Исроилро аз феҳристи худ берун кунад.
Ҷибрил ар-Раҷаб, президенти ФФФ аз ФИФА талаб кард, Исроилро ба хотири он ки намегузорад, тимҳои футболи кишварҳои араб вориди қаламрави Фаластин шаванд, аз феҳристи худ хат занад.
Ар-Раҷаб, ки ин дархостро зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Рамали Фаластин изҳор дошт, гуфт: “Мо аз ФИФА талаб дорем, то ба Исроил корти сурх нишон дода шавад, зеро барои ин кишвар алакай корти зард нишон дода шудаааст.”
Ба гуфтаи президенти ФФФ, чанде қабл намояндагони Федератсияи футболи ғарби Осиё, ки он 12 иттиҳодияи арабро дар бар мегирад, иҷозаи вуруд ба Фаластинро дарёфт накардаанд: “ Мақомоти исроилӣ ба се мураббии аз Урдун, ду намояндаи Имороти Муттаҳидаи Араб ва 13 футболбози Ироқ, ки қарор буд, дар мусобиқоти қаҳрамонии минтақавӣ барои футболбозони то 17-сола иштирок кунанд, иҷозаи вуруд ба Фаластинро надоданд.”
Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли ҷорӣ мусобиқоти қаҳрамонии минтақавӣ барои футболбозони то 21-сола дар Фаластин баргузор хоҳад шуд.