Қабули консепсияи ИНИТ ба таъхир гузошта шуд
Ҷаласаи навбатии Итиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) анҷом ёфт. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз сабаби зиёд будани пешниҳод, дархост ва тағйиротҳо қабули консепсияи пешазинтихоботӣ ба таъхир гузошта шуд.
«Мо барномаи консепсияи пешазинтихоботиро барои баррасии шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой додем. Давоми 3 рӯз ба мо дар умум 547 тағйиру илова ва ҳамзамон 7 барномаи комили алтернативии консепсия пешниҳод гардид. Аз сабаби норасоии вақт мо имкони таҳлилу баррасии ҳамаи пешниҳодотро надоштем. Акнун қарор дода шуд, то рӯзи сешанбе гуруҳи корӣ пешниҳоди мардумро таҳлилу гуруҳбандӣ карда, ба гуруҳи ҳамоҳангсоз фиристад. Консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ 24-уми август бо дарназардошти пешниҳоди мардум қабул хоҳад шуд»,-афзуд ӯ.
Раҳматилло Зойиров мегӯяд, дар ҷаласаи имрӯзи ИНИТ масъалаи номзад мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Қарор аст, масъалаи номзади ягонаи неруҳои мухолиф рӯзи шанбеи 24-уми август баъди қабули консепсия матраҳ шавад.