Ҷанторо ба Душанбе меояд
Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон дар доираи як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҷанторо Сотиболдиев рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ ба хотири иштирок дар Конфронси байналмилалии об вориди Душанбе хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, инчунин интизор меравад, нахуствазири Қирғизистон дар ин сафари дурӯзаи худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов гуфтугӯ ва мулоқот анҷом диҳад.
Маврид ба зикр аст, ки 20 ва 21-уми августи соли ҷорӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об дар Душанбе баргузор шуда, қарор аст, дар он беш аз 900 нафар сиёсатмадорон ва олимону коршиносони бахшҳои гунгогуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зист аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори байналмилалию минтақавӣ иштирок кунанд.