Райисони нави ХНИТ дар Бадахшон ва Хоруғ
Зимни конфронси кории шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Саодатшоҳ Адолатшоев раҳбари вилоятии ин ҳизб интихоб гардид.
Воҳидхони Қосиддин, раҳбари дастгоҳи ҲНИТ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, дар конфронс Адолатшоев аксари овозҳои вакилони ҲНИТ-ро ба даст овардааст. Маврид ба зикр аст, пас аз амалиёти Хоруғ Муслима Броимшоева, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон буд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯз, Розия Имомназарова райиси шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ интихоб шудааст.
Ба иттилои Воҳидхони Қосиддин теъдоди умумии аъзои ҲНИТ дар вилояти Бадахшон 1760 нафар буда, дар ин авохир гароиш ба ҳизб миёни мардум бештар шудааст: «Тибқи таҳлилҳои вакилони ҳизб дар Бадахшон баъд аз изҳороти Асрор Булбулов таваҷҷуҳи мардум хеле зиёд шудааст. Феълан аъзои ҳизб ва умуман мардум ба Булбулов бо як ҳиси бадбинӣ назар мекунанд».
Саодатшоҳ Адолатшоев ду рӯз қабл дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби гуруҳи ношинос мавриди латукуб қарор гирифта буд.