Сисиро ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ мекашанд
Ҳуқушиносони Миср мехоҳанд аз болои Абдулфаттоҳ Сисӣ, вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ шикоят баранд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, як гуруҳ аз ҳуқуқшиносони Миср эълон кардаанд, ки дунболи ҷамъоварии аснод барои шикоят бурдан ба додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ аз болои ашхоси баландпояи ин кишвар мебошанд, ки дар куштори дастаҷамъонаи эътирозгарони мисрӣ даст доранд.
Ин ҳуқушиносон гуфтаанд, Абдулфаттоҳ Сисӣ, вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ, Муҳаммад Иброҳим, вазири умури дохилӣ ва Адлӣ Мансур, раисиҷумҳури муваққати Миср дар садри феҳристи ҷинояткороне қарор доранд, ки мехоҳанд аз болои онҳо шикоят баранд.
Маркази ҳуқуқи башари “Шаҳоб” мегӯяд, ҳоло як комиссия барои баррасии ҷиноятҳои ашхоси дар боло зикршуда алайҳи мардуми осоишта ташкил шуда, ба фаъолият шуруъ намудааст: “Ин мақомҳои баландпояи мисрӣ дар куштори 2 ҳазору 600 нафар шаҳрвадони Миср, ки миёни онҳо занону пиронсолон ва кудакон низ мебошанд, муттаҳам мешаванд.”
Ин маркази ҳуқуқӣ мегӯяд, Хадамоти амнияти миллии Миср ба хотири парокандасозии эътирозҳои мусоламатомез аз равишу иқдомҳои ғайриқонунӣ алайҳи мардуми осоишта истифода мекунад: “Инчунин онҳо дар оташ задани масҷиди Робиа ал-Адавия, бемористони саҳроӣ ва зарбу шатми мардум айбдор мебошанд.”