Каримов наҷотбахши миллати узбак?
Беш аз 99 дарсади аҳолии Узбакистон Ислом Каримовро кафили оромии кишвари худ медонанд.
Дар арафи 22-умин солгарди истиқлолияти Узбакистон Маркази мутолеоти афкори умум ”Иҷтимоӣ фикр” як назарсанҷиеро миёни мардуми узбак дар мавриди дастовардҳои Узбакистон дар тули солҳои истиқлолияти худ гузаронидааст.
Бар асоси ин назарпурсӣ, ҳудуи 99, 1 %-и аҳолии Узбакистон президент Каримовро ягона наҷотбахши миллат, мушкилкушо ва кафолати амният дар ин кишвар медонанд.
Беш аз 90 дарсади мардуми узбак дастовардҳои Узбакистон дар соҳаҳаои гуногунро нодир хонда, гуфтаанд, дар ин кишвар барои шаҳрвандон ҳуқуқ ва озодиҳо таъмин мебошад.
Қариб 94 дарсади аҳолии Узбакистон гуфтаанд, дар тули солҳои истиқлолият эҳтироми шаҳрвандон ба волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон афзоиш ёфтааст.