Ҳафт муовини дабири кулли СММ ба Душанбе меоянд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз,16-уми август Ребека Гринспан,муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, муовини мудири Барномаи рушди ин созмонро, ки ба Душанбе барои омодасозии Конфронси байналмилалии об ва иштирок дар он ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре Хадамоти матбуотии президент иттилоъ дод, хонум Гринспан доир ба муносибати Тоҷикистон ба ин ҳамоиши муҳим, ки дар доираи чорабиниҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” баргузор мегардад, таассуроти худро баён дошта, ба сатҳи омодагиҳо баҳои баланд дод.
Ребека Гринспан изҳор доштааст, ки “мо пешсафию пешоҳангии Шумо, муҳтарам Президент ва кишвари шуморо дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола бори дигар таъйид менамоем, зеро Шумо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба рушд, хусусан дар соҳаи об пешвоед”.
Бино ба иттилои манбаъ, ин намояндаи СММ бо ишора ба мушкилоти кишвар дар самти таъминот бо нерӯи барқ таъкид намудааст, ки барои татбиқи иқдоми Дабири кулли СММ – “Энергияи устувор барои ҳама” низ Тоҷикистон кишвари пилотӣ (озмоишӣ) пазируфта шудааст: “Ребека Гринспан изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмаку дастгирии худро барои бартараф намудани ин мушкилӣ дареғ намедорад”.
Дар вохӯрии мазкур хотиррасон шудааст, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об беш аз 900 нафар сиёсатмадорон ва олимону коршиносони бахшҳои гунгогуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зист аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори байналмилалию минтақавӣ иштирок хоҳанд дошт.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот қайд гардид, ки танҳо аз СММ ҳафт муовини Дабири кулли он ва мутахассисону масъулони сершумори дигар ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкории босамарро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид тақозо мекунад. Президент ба ҳамкории ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Барномаи рушди он бо Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намудааст, ки робитаҳои судбахши ду ҷониб минбаъд густариши бештар пайдо мекунанд.
Дар ин мулоқот Ребека Гринспан Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо дастовардҳои намоёни рушд, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷа, аз миёни кишварҳои даъватшуда ягона кишваре, ки ҳанӯз омодагии худро барои ширкат дар ин ҳамоиш расман изҳор надоштааст, ин Узабкистон мебошад.