Адолатшоев: Ҳамлагарон ба гуруҳи кории ҲНИТ аз Бадахшон набуданд
Саодатшо Адолатшоев, муовини раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон, ки шоми 15-уми август, ҳангоми ҳамлаи афроди номаълум ба гуруҳи кории наҳзатиҳо дар Шуғнон, мавриди латту кӯб қарор гирифтааст, дар суҳбат бо “Озодагон” ҷузъиёти ҳодисаро нақл кард.
Ҷаноби Адолатшоев дар суҳбат бо Ҳумайрои БАХТИЁР, хабарнигори “Озодагон” гуфт, шоми дирӯз баъди пешниҳоди ариза ба пулис ба беморхона рафта, аз ташхис гузаштааст. Пурсиши аввали мо ҳам аз ҷаноби Адолатшоев ин буд, ки оё он гурӯҳи дарафтодаро қаблан дида буд, ё тахминан шиносоие дорад?
Адолатшоев: Ман онҳоро намешиносам. Чун онҳо шахсони Бадахшон набуданд. Аз дигар ҷо будаанд. Бо он амалҳое, ки анҷом доданд, метавонам, бигӯям, ки эҳтимол намояндагони мақомоти амният буданд.
Озодагон: Шумо аз куҷо муайян кардед, ки онҳо мардуми Бадахшон нестанд?
Адолатшоев: Чун ман мардуми маҳаллиро мешиносам. Ин гурӯҳ таъқибро аз Рушон оғоз карданд. Мо то замони ҳамла чанд маротиба нақлиёти онҳо, «Тангем»-ро мушоҳида кардем.
Озодагон: Ба чӣ далел тахмин мезанед, ки онҳо бачаҳои амният буданд?
Адолатшоев: Бо ҳамон корҳое, ки онҳо дар нисбати мо анҷом доданд. Аз вақте, ки аз Дарвоз меомадем. Тамоми он пурсишҳое, ки аз мо доштанд ва он фишорҳое, ки болои мо буд, амали гурӯҳи ношинос ба монанди ҳамон корҳои амниятӣ буд. Дар Бадахшон ҳама маро мешиносанд. Ман бовар надорам, ки дар насбати ман як нафар бадахшонӣ чунин корро анҷом бидиҳад. То имрӯз ягон нафар бадахшонӣ ба ман даст боло накардааст.
Озодагон: Шумо фикр намекунед, ки ин ҳамла шояд аз тарафи гурӯҳи саввум барои таҳрики ҲНИТ ва ҳукумат анҷом ёфтааст?
Адолатшоев: Не, ман чунин фикр намекунам. Бо он ҳама фишору таъқибе, ки дар инҷо ба аъзои ҳизб сурат мегирад, гуфта метавонам, ки шояд ин аввалин ва охирин ҳолат ҳам набошад.
Озодагон: Яъне қабл аз ин ҳам ба шумо мақомот таҳдид мекард?
Адолатшоев: Пеш аз ин бо роҳҳои тӯҳмат, болои ман таъқибу фишорҳо буд. Як мисолашро меорам. Вақте дар шаҳри Хоруғ ҷанг шуда буд, ман он вақту соат дар беморхона буда, ҷароҳат доштам. Ҳолам 3-4 рӯз чунон вазнин буд, ки ҳатто бо кумаки ду нафар ба берун баромада наметавонистам, чун дар шуъбаи эҳёгарӣ будам. Аммо расман хабар доданд, ки Саодатшо Адолатшоев, ҷонишини ҲНИТ бо гурӯҳе бо он касоне, ки ҷанг мекунанд, пайвастааст. Ман ҳамеша муқобили ҷанг будам. Мегуфтам, ки ҷанг набояд сурат бигирад. Ҳамеша мегӯям, ки агар нафаре бо роҳи ҷанг мехоҳад қудратро бар дасти худ бигирад, лаънат бар ӯст.
Озодагон: Аз пулис дар мавриди шахсияти гурӯҳи ношинос хабаре ҳаст?
Адолатшоев: То ба ҳозир ба мо аз пулис хабар нарасидааст.
Озодагон: Тавре маълум аст, вақтҳои охир дар Бадахшон чанде аз намояндагони ҲНИТ аз фаъолияти ин ҳизб тавассути шабакаҳои телевизионӣ шикоят мекунанд. Мегӯянд, ки чунин баромадҳо бо роҳи фишор сурат мегирад. Оё ба шумо чунин муроҷиат шудааст?
Адолатшоев: Ба ман муроҷиат набуд, чун медонанд, ки ин бефоида аст. Дар сурати чунин муроҷиат ман зуд онро матбуотӣ хоҳам кард. Аз ин хотир ба ман пешниҳод намекунанд.
Озодагон: Он нафароне, ки баромад карданд шумо бо онҳо сӯҳбат доштед? Онҳо гуфтанд, ки бо роҳи фишору муроҷиат ба ин кор даст задаанд?
Адолатшоев: Дирӯз, мо бо Амирбек Қаёмбеков, раҳбари бахши ҲНИТ дар Рӯшон сӯҳбат доштем. Амирбек Қаёмбеков гуфт, кормандони амният аз ӯ хоҳиш кардаанд, то материали навиштаашонро барои телевизион бихонад. Онҷо хабарнигорон низ будаанд. Амирбек Қаёмбеков ин хоҳиши онҳоро рад мекунад. Дар ҷавоб намояндагони амният мегӯянд, ки ӯ ба унвони халифаи маҳаллӣ ба сиёсат кор нагирад. Амирбек Қаёмбеков гуфтааст, ки ин тавр бошад ман аз масъулияти ҲНИТ мебароям, вале алайҳи ҳизб чизе нахоҳам гуфт.