Афғонистон баъди соли 2014 низ ба неруҳои хориҷӣ ниёз хоҳад дошт
Баъди он ки масъулияти амният дар Афғонистон ба неруҳои маҳаллӣ мегузарад, ин кишвар ҳамчунон ба ҳузури қобили мулоҳизаи неруҳои хориҷӣ ниёз хоҳад дошт. Ин нуктаро Ҷозеф Данфорд, раҳбари Неруҳои байналмилалии таъмини амният изҳор доштааст.
То замони анҷоми муҳлати интиқоли уҳдадориҳо теъдоди кормандони хадамоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Афғонистон бояд ба 352 ҳазор нафар бирасад. Аммо бештари коршиносон бо ишора ба имконият ва сатҳи касбияти неруҳои Афғонистон мегӯянд, ин кишвар мустақилона наметавонад амниятро дар қаламраваш таъмин созад.
Алъон, ҳукумати ИМА дар мавриди теъдоди дақиқи неруҳоеаш, ки бояд пас аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ монанд, ба хулосае нарасидааст. Тибқи бархе маълумотҳо ҳоло масъалаи ҳузури 7 ҳазор низомӣ дар ҳоли баррасӣ аст, аммо бархе аз намояндаҳои фармондеҳии амрикоӣ бар инанд, ки бояд ин теъдод каме бештар шавад.