“Ас-Саҳҳор” китоби Э.Раҳмон дар бораи обро нашр кардааст
Нашриёти мисрии “ас-Саҳҳор” дар шаҳри Қоҳира дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар Душанбе баргузор мегардад, китоберо таҳти унвони “Тоҷикистон: дипломатияи об” ба забони арабӣ ба табъ расондааст.
Тибқи итттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, китоби мазкур дар шакли мақолаҳо маҷмӯаи баромаду суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои мухталифи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обро дар бар гирифта, ба соли “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, ки онро Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон эълон кардааст, бахшида шудааст.
Ба иттилои вазорат муқоваи китобро сурати НОБ-и Норак ва Эмомалӣ Раҳмон бо маълумотномаи мухтасар дар бораи муаллифи мақолаҳо оро додааст. Манбаъ мегӯяд, дар маълумотнома аз ҷумла омадааст: “Эмомалӣ Раҳмон, соли таваллудаш 1952, президенти Тоҷикистон, меъмори сулҳу субот ва ваҳдату мусолиҳаи миллӣ, роҳнамои миллат ба сӯи ояндаи дурахшон, муаллифи се ташаббуси наҷиб дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла ташаббуси ахир аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон шудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об.
Ҷаноби Олӣ муаллифи як силсила китобҳо дар бораи таърих ва тамаддуни тоҷикон, муҳимтарини он китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” чанде қабл ба забони арабӣ дар 4 ҷилд дар Қоҳира нашр шудааст”.