Президент зиёд кардани фурӯши барқ ба Афғонистонро баррасӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон як ҳайати воломақоми ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигаронро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар мулоқот, ки 15-уми август сурат гирифтааст, таваҷҷуҳи асосӣ ба омодасозӣ ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардидааст.
Ба иттилои манбаъ зимни суҳбат, аз ҷумла интихоби масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии кадрҳои роҳи оҳан барои Афғонистон, афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба он сӯйи рӯди Панҷ ва ғайра тавофуқоти муҳим ҳосил шудааст.