Ҳамлаи афроди номаълум ба гуруҳи кории ҲНИТ дар роҳ ба Хоруғ
Як ҳайат аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои анҷоми сафари корӣ ба вилояти Бадахшон рафта будаанд, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” Зарафо Рахмонӣ, узви фаъоли ҲНИТ, ки ҳоло дар шахри Хоруғ аст, хабар дод.
Ӯ гуфт, ҳамла шоми 15 август, ҳангоми берун шудани онҳо аз ноҳияи Рӯшон дар наздикии Шуғнон иттифоқ уфтодааст: “Мо аслан таваҷҷӯҳ кардем, ки аз Рӯшон берун шудан замон, аз паси мо Тангеме таъқиб мекард. Вақти ба Шуғнон расидан, онҳо пиёда шуда, ба мо ҳамла оварданд.”
Ҳамлагарон бештар муовини раҳбари бахши бадахшонии ҲНИТ Саодатшо Адолатовро мавриди латту кӯб қарор додаанд. “Мо зуд бародар Саодатшоро ба мошини худ, ки Старекс буд, савор карда бо суръат ба тарафи Хоруғ ҳаракат кардем",-гуфт Раҳмонӣ.
Хонум Зарафо мегӯяд, тангемсаворон танҳо дар Хоруғ, ки мошин он ҷо зиёд буд, аз таъқиби онҳо даст бардоштаанд. Ба иттилои хонум Зарафо, онҳо дар Идораи пулиси шахри Хоруғ рафта, дар бораи ин ҳодиса шикоят ва аризаи худро пешниҳод кардаанд.