Ҳимояти Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон аз ташкили лагерҳои муҳоҷирин
Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон мегӯяд, ин кишвар низ бояд аз таҷрибаи Русия дар мавриди таъсиси “лагерҳои пулакӣ” барои нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ истифода кунад.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Мурод Телибеков, раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон гуфтааст, Остона низ бояд “шаҳракӣ пулакӣ”-е таъсис диҳад, ки дар он муҳоҷирони ғайриқонӣ то истирдод ба ватанашон нигаҳдорӣ шаванд: “Ин иқдомоти сахтгиронае, ки ҳоло алайҳи муҳоҷирон дар Маскав идома дорад, дар Қазоқистон низ услуби хубе хоҳад буд.”
Ба гуфтаи раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон дар аксари кишварҳои аврупоӣ ин услуб дида мешавад: ”Бештари кишварҳои аврупоӣ ин таҷрибаро доранд, зеро барои нигаҳдории онҳо маблағи ҳангуфте сарф мешавад. Агар мо ба омор рӯ орем, дар аксар ҳолат, онҳо ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.”
Марат Шибутов, раҳбари Анҷумани ҳамкориҳои марзии Қазоқистон низ ин пешниҳоди Телибековро ҷонибдорӣ кардааст. Вале ба назари ин коршиносӯ, роҳандозӣ намудани ин услуб дар ҳоле, ки пулиси муҳоҷирати ин кишвар заиф аст, ғайриимкон мебошад.