Кабирӣ: Дар интихобот ба умеди радио ва телевизион намешавем
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дар арафаи интихоботи президентӣ бештар аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум истифода хоҳанд кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе ба “Озодагон” гуфт, дар асоси қонунгузории кишвар дар арафаи интихоботи президентӣ шабакаҳои телевизиони тоҷик ба ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар вақт ҷудо хоҳанд кард, аз ҷумла ба наҳзат: «Вале бо истифода аз таҷрибаи гузашта мо зиёд такя ба таблиғот тавассути радио ва телевизион карданӣ нестем. Бо истифода аз равишҳои дигари интихоботӣ дар асоси қонуни кишвар муроҷиат мекунем. Бештар бо мардум сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом хоҳем дод».
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл ҲНИТ бо муроҷиати расмие аз Кумитаи радио ва телевизион дархост намуд, то дар баробари иттиҳому маъракаи таблиғотӣ алайҳи наҳзат барои намояндагони ҳизб низ минбар диҳад.
Дар посухи Кумитаи телевизион ба Кабирӣ, ки рӯзи 5-уми август, зери имзои Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита, ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки шабакаҳои телевизион ба ҳеч ваҷҳ ба пахши иттилои беасос ва таҳқиру туҳмат нисбати ҲНИТ роҳ надодаанд. Кумита зикр мекунад, ки агар ҲНИТ гузоришҳои ахир аз ҷамъомадҳо бо иштироки уламо дар навоҳии кишварро дар назар дорад, “дар он ҷо иштирокчиён тибқи ҳуқуқи конститутсиониашон, назари шахсии худро баён намудаанд ва шабакаҳои телевизиону радио тибқи уҳдадориҳои оинномавии худ ба тамошобинону шунавандагонаш аз он иттилоъ додаанд.”
Кумитаи телевизион таъкид намудааст, ки шабакаҳо уҳдадор нестанд вобаста ба назари иштирокчиёни ҷамъомадҳо, ки ҳамарӯза даҳҳо адад пахш мешаванд, раддияи ҷониби дигарро низ дар барномаҳо ҷой диҳад.