Э.Раҳмон сафири барканоршудаи Русияро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми август, Юрий Попов, сафири Русияро бино ба анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Тавре Хадамоти матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ дод, дар мулоқот миёни ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Русия табодули назар карда шуд. Юрий Попов ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки минбаъд низ барои рушди бемайлони робитаҳои неки ду кишвари дӯст саҳми худро дареғ нахоҳад дошт.
Бояд зикр намуд, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия Юрий Поповро дар аввали моҳи август сабукдуш намуд ва ба ҷои ӯ Игор Лякин Фроловро сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъин намуд. Ин тағйирот як рӯз баъд аз мулоқоти ахири Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, 2-юми август сурат гирифт. Юрий Попов аз моҳи апрели соли 2009 дар вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон фаъолият намудааст.