Адвокати Зайд нишонаҳои “ҷабрдида”-ро дар Фейсбук шинохт
Имрӯз, 15-уми август дар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, даҳҳо акси зане нашр гардиданд, ки ба гуфтаи ноширон ҳамонест, ки Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекунад.
Ба гуфтаи корбарон ин аксҳо баъди рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов, дар лаҳзаҳои берун рафтан аз Боздоштгоҳи муваққатӣ гирифта шудаанд. Ин духтар, ки дар даст қутии сигарет дорад, гуфта мешавад, бо ҳамроҳии вакилаш ва муфаттишони қазияи Зайд дар назди боздоштгоҳи муваққатӣ аксбардорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз нашри аксҳо дар Фейсбук хабар надорад, вале аз рӯи тасвири шакли зоҳирӣ ба гумони ғолиб таъйид намуд, ин ҳамон духтарест, ки Зайдро дар таҷовуз муттаҳам мекунад: “Воқеан он духтар дар рӯзи рӯбарӯкунӣ куртаи зард дар бар дошт ва вакилаш бо либоси атлас омада буд.”
Қаблан Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ, ки рӯзи 12-уми август сурат гирифт, зерҳимояашон изҳор дошт, “ки ин духтаракро намешиносам, бори аввал мебинам ва ягон алоқае ҳам дар гузашта бо ӯ надоштаам.”
Вале духтар дар навбати худ таъкид доштааст, ки Зайд Саидовро мешиносад, гуиё ҳолати таҷовуз ба номус воқеан ҷой доштааст ва дар соли 2008-ум анҷом ёфтааст. Аммо Зайд Саидов ин ҳамаро дар ҳаққи худ тўҳмати беасос хондааст.