Шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Тюмен депорт кардаанд
Бо тақозои прокуратураи Тюмен додгоҳ 6 муҳоҷири ғайриқонуниро аз қаламрави Русия ихроҷ кард. Дар ин бора торнамои УралПолит.ру хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, суди марказии ноҳияи Тюмен парвандаи маъмурӣ нисбат ба 6 шаҳрванди хориҷиро баррасӣ кард: «Муайян шудааст, ки онҳо дар Тюмен ғайриқонунӣ ба сар мебурдаанд».
Сомона навиштааст, инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистонанд, аммо дақиқ накарда, ки чанд нафари онҳо табааи Тоҷикистон будааст.