Тоҷирони калонтарин бозори ноҳияи Файзобод аз монеасозиҳои роҳбарияти бозор шикоят доранд. Тоҷирон, ки ахиран бо нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор ҷамъ шуда буданд, мегӯянд, се моҳ боз дӯконҳояшон баста аст. Роҳбарияти бозор дар як ҳафта танҳо рӯзи якшанбе иҷозат медиҳад, ки тоҷирон савдо кунанд. Онҳо мегӯянд, мудирият бе ироаи далели мушаххас рӯзҳои дигари ҳафта иҷозаи кор надода истодааст. Аммо роҳбарияти бозор ин иддаои тоҷиронро рад мекунад.