Ҳаводиси Миср аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик
Асадуллои Вализода, коршиноси масоили сиёсию динӣ
Ахиран фаъолиятҳои гуногуҷанбаи миёнаравони дохилию хориҷӣ барои ҷустуҷуи роҳҳалҳои муносиби хотимабахшии буҳрони сиёсию ҳуқуқӣ ва ба сари мизи музокира нишондани тарафҳои муноқашаи Миср вусъат ёфта бошад ҳам, тамоюли давомнокро касб накард. Ҳайатҳои баландпояи амрикоӣ, ҷомеаи Аврупо ва кишварҳои арабӣ аз Қоҳира дидан намуда, талошу саъй намуданд, ки буҳрон ҳалли мувофиқи сиёсии худро ёбад. Ҳукумати ба ном “интиқолӣ” иброз дошт, ки бо ҷурми ихвониҳо ин ибтикори байналмилалӣ муваффақ нашуд. Аммо ба қавли миёнаравҳо сабаби асосии ба нокомӣ мутаваҷҷеҳ шудани ин демарши(ҳаракат) байналмилалию минтақавӣ ба мавқеъгирии нодурусту гайрипрагматикиии ҳукумати феълӣ бештар бастагӣ дорад. Азин ру, дар изҳороти якҷояи ШМА ва Иттиҳоди Аврупо аз тарафҳо барои баромадан аз бунбаст даъват ба амал омада, изҳор шудааст, ки ҳукумат дар вазъияти феълии ба амал омада масулияти хосро ба душ дорад ва барои оғози ҷараёни пайдоиши ҳалли иҷобии қазия тамоми чораҳои матлубро равона кунад.
Шайх Холид ал Атия вазири корҳои хориҷии Қатар ҳангоми тарк намудани Қоҳира бо таасасуф эълон намуд, ки барои тавофуқ ва ҳалли қазия миёнравҳо бояд ба ҳамаи тарафҳои зидахл, аз ҷумла бо президенти барканоршуда Мурсӣ дидору гуфтугу менамуданд, аммо эшон танҳо ба мулоқоти ҷаноби Шотирӣ яке аз масулони баландпояи “Ихвон ул муслимин” комёб шуданд. Ҳукумат аз мусолаҳа ҳарф зада, тарафҳои асосии ҳалли қазияро ба мизи музокирот ҳозир накард, изҳор дошт ин дипломати дараҷаи аввали қатарӣ. Сенаторҳои амрикоӣ(Ҷон Маккейн ва Линдси Грем) бошанд, иброз доштанд, ки ашхоси асосии соҳиби қудрат , дар маҳбасанд ва “дар шароити демократӣ наметавон бо шахсе, ки дар зиндон аст, музокира намуд”. Аз буҳронии вазъ муносибатҳои тарафайни Амрикову Миср зарар мебинад. Ба қавли Маккейн ҳарчанд интиқоди мардумро нисбати Мурсӣ мепазирад, аммо иқдоми низомиҳоро, ки ба сарнагун шудани Президенти мунтахаб мунҷар шуд, инқилоб медонад. Аз тарафи дигар, мақомоти хориҷии Амрико изҳороти Маккейнро ғайри қобил арзёбӣ намуд, зеро дар сурати эътирофи инқилоб Амрико тибқи қавонини хеш ба Миср кумаки ҳамаҷонибаи фаннию низомӣ расонида наметавонад. Тазоду норавшанӣ дар он аст, ки ҳукумат аз ҳалли сиёсии қазия бо ихвониҳо ҳарф зада, аксарияти раҳбарони ин ҳаракатро паси панҷара диданист. Ҳукумати феълӣ ва мақомоти расмиии Амрико ба ҳалли зоҳирии қазия такя доранд. Ҳалли ниҳоию ҷизрии буҳрон ва бозгашт ба маҷрои қонунӣ (барқарории Мурси ба мансаб), ки тазоҳуротчиён ба он исрор доранд, нодида гирифта мешавад, масалаи меҳварие, ки миёнравҳо ва ҳукумати интиқолӣ то ба ҳол ба ин боварӣ нарасидаю намехоҳанд онро баррасӣ намоянд. Аз ин ру, тарафдорони Мурсӣ, яъне манзумаи“Паймони ҳимоят аз қонуният” бо гирдиҳамоиҳо саросари кишварро фаро гирифта, бо устуворию қаҳрамониии бемисли дар рамазон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ, шахсиятҳои машҳуру созмонҳои дохилию хориҷии муассир ба қазияро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчуннин то ҳануз мувофақа ва мавқеи ягона байни миёнҷигарони хориҷӣ дар ҳалли хуруҷ аз мушкила низ ба мушоҳида намерасад. Ба ақидаи баъзе аз коршиносони минтақавӣ, бо барпо намудани вохурӣ бо ноиби Муршиди оми ихвониҳо Ҳайрат Шотир мехостанд уро тарафи асосии музокира ва бадили Мурсӣ муаррифӣ намоянд, вале у изҳор намуд, ки намояндаи ягонаву ҳақиқии Миср дар мақоми байналмилалӣ фақат президент Мурсӣ аст. Ахиран, департаменти давлатии Амрико собиқ сафири Амрико дар Сурия, Роберт Фордро раҳбарии сафораташ дар Миср пешниҳод намуд. Баъзе таҳлилгарони минтақавӣ бо назардошти ҳолати ҷангии Сурия нигаронанд, ки агар у ба ин симат тасдиқ шавад, Мисрро эҳтимоли вазъияти муташанниҷе пеш хоҳад омад. Аз тарафи дигар, низоъи шабеҳи Сурия дар шафати Фаластин ба манфиати Изроил ҳампаймони стратегии олами Ғарб нахоҳад буд. Минтақаи Сино солҳои ахир ба задухурдҳои мусаллаҳона табдил ёфта, бегоҳии рузи ҷумъа ба қавли хабаргузориҳо ҳавопаймои бидуни сарнишини исроилӣ маҷмуаи мусаллаҳеро, ки гулулаҳои рокетро суи Исроил равона кардани буд, мавриди ҳамла қарор дод. Сухангуи расмии вазорати дифоъ дар ин бора хабарҳои зиду нақизро пахш( аввалан, эълони ду инфиҷор, рузи шанбе бошад, гуё ин гуруҳи мусаллаҳро ҳеликупторҳои мисрӣ бомбаборон кард)менамоянд. Дар пасманзари ин хабар доираҳои гуногуни мисрӣ бори дигар таъкид намуданд, ки вазифаи асосии низомён муҳофазати ҳудуд ва ҳарими давлат аст, на ба масъалаҳои дохилӣ машғул шудан. Онҳо иброз намуданд, ки агар ин воқеа дар замони Мурсӣ рух медод, ВАО-и ғавғое мебардоштанд, аммо ҳоло хомуширо ихтиёр намудаанд. Баъзе аз муроқибони минтақа ба ин низаранд, ки эҳтимол ин амали тарҳрезишудаи низомиҳои мисрию исроилӣ мебошад,ки тавассути он таваҷҷуҳи ҷомеаро ба он равон намуда, ба парокандакунии мусаллаҳонаи гирдиҳамоиҳо табрир шавад. Иқдоми хатарноке, ки доираҳои байналмилалӣ, аз ҷумла мақоми раҳбарии Ирон аз фуру рафтан Миср ба низои шаҳравандӣ изҳори ташвиш намуданд.
Ба фикри банда, агар то тарафҳо ба асбоби асосии пайдоиши буҳрони амиқи ҷомеа баҳои воқеӣ надиҳанд, ба манофеи умумиллии Миср аҷр нагузоранд, ба ризоияти комилу ҳаматарафа муваффақ шудан амри маҳол аст. Авҷи инқилоби нав ва вазъияти ногувори навбатӣ дар Миср решаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дошта, тарафҳо бояд пеш аз ҳама дар долонҳои пасипардагӣ манфиатҳои худро ошкоро матраҳ ва баррасӣ кунанд. Агар ин манофеи “ ошкоро ифшонашаванда ” ҳалли худро ёбанд, босуръат ҷанбаҳои расмию алании қазия ҳал мегардад. Буҳрони навбатии Миср ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқи дошта, бо сабаби бадшавии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ки дар бурузи он кушишҳои собиқ арбобони даврони ҳукумати Муборакро наметавон инкор кард, ба амал омадааст. Ба ақидаи коршиносони мустақили арабӣ инқилоби барқосо талоши тарфдорони даврони Муборак барои боқӣ дар ҳукм аст ва муҳраҳои собиқ гумон карданд, ки мардум аз ҳукумати Мурсӣ дилсард шудаву ихвониҳо дигар наметавонанд тарафдорони хешро сарҷамъ намоянд. Вале воқеият дорад руз ба руз дигар мешавад. Таҳаввулоти ахири Миср бори дигар собит намуд, ки вобаста ба шароити кунунӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ҷойгоҳи мардумии неруҳои исломиро эътирофи воқеӣ ва бо эшон бархурди сазовор қоил шуд. Мусалламан, ҳаракатҳои исломӣ дар ин сурат шарики боътимоду такягоҳи асосии ҳукуматҳо гардида, ҷомеаҳо аз чолишҳо эмин хоҳанд монд.
Воқеият мурунату зиракии сиёсӣ ва гузашти фарогирро тақозо дорад. Барои баромадан аз бумбасти феълӣ, ояндаи кишвару оромии дохилию минтақавӣ ва амнияти ҳадафҳои иҷтимоӣ коршиносон ба ин ақидаанд,ки ихвониҳо низ бояд ба баъзе гузаштҳои решагӣ омода шаванд. Андешаҳое матраҳ аст, ки Мурси ба мақомаш барқарору салоҳияҳои бештар ба ҳукумат дода шавад. Аммо калиди асосӣ дар дасти низомиҳо вуҷуд дорад. Коршиносони арабӣ пешниҳод доранд, ки ҳамчуноне ки бо такя ба норозогии майдони “Таҳрир” низомиҳо Мурсиро сарнагун намуданд, имруз низ Ҷенрол Сисӣ бо иродаи ҷадид бо ҳимоят аз майдонҳо вазъиятро ба маҷрои ҳуқуқӣ равона намуда, ҳолату вазъияти то таърихи 30.07 соли ҷорӣ барқарор шавад. Ба қали муроқибони қазия ин замоне рух медиҳад, ки гушзади ҷиддию воқеӣ аз он суи уқёнус ба низомиҳо ворид шаваду тамоми тарафҳои даргир ҳамдигарфаҳмӣ намуда, ба бахшишу авфи якдигар омода гарданд ва ба таназзулоту гузаштҳои сиёсӣ розӣ шаванд. Оё неруҳои зидахл ба ин равиш розианд? Ба таваҷҷуҳ ба ин ки ҳукумати Белбовӣ ба фикри зуран пароканда намудани майдонҳо исрор дошта, ҷонибдорони Мурсӣ бе ҳалли қонунии масъала, яъне бозгашти президенти мунтахаб ба курсӣ аз тазоҳурот даст кашиданӣ нестанд(билъакс неруҳои навро сафарбар намуданд) ва кишварҳои миёнҷигар ҳарфи ниҳоиро дар кушодани гиреҳи қазия ҳануз иброз надоштаанд, вазъият ба ҳалқаи сарбастае мабаддал гардидааст. Бозии бузурги геополитикии ҷадиди абарқудратҳо ҷомеи Мисрро ба куҷо мебарад, мағмуз боқӣ мемонад...