Боздиди Урдуғон аз Туркманистон
Раҷаб Таййиб Урдуғон, нахуствазири Туркия дар доираи як сафари расмӣ озими Туркманистон мешавад.
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, Раҷаб Таййиб Урдуғон рӯзи 15-уми август дар як сафари якрӯза вориди Ашқобод хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, ин сафар бо дархости Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сурат мегирад.
Интизор меравад, нахуствазири туркӣ дар ин сафари якрӯзааш аз зодгоҳи Туркманбошӣ, президенти пешини Туркманистон ва соҳили баҳри Каспӣ, ноҳияи Авази ин кишвар дидан кунад.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, ки ҳоло 59 сол дорад, 14 марти соли 2003 ба унвони бисту ҳафтумин нахуствазири Туркия интихоб шудааст.