Пажуҳиш: Аксари тоҷикон пазмони Ленину Шӯравиянд
Маркази тадқиқотии “Монитори авруосиёгӣ” дар пайи як омӯзиш эълон намудааст, ки 70 дарсади мардуми Тоҷикистон шахсияти Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравиро мусбат арзёбӣ мекунанд.
Ба иттилои ин марказ нисфи сокинони Тоҷикистон аз даргузашти Иосиф Сталин низ эҳсоси дилтангӣ ва ё ғурбат мекунанд.
Сомонаи радиои “Мавҷи Олмон” аз қавли сиёсатшиноси олмонӣ, Кристоф Линкс менависад, “мардуми Тоҷикистон пазмони шӯравии пурқудратанд, ки дар он ҳимояти қавии иҷтимоӣ доштанд.” Ин олими Олмон менависад, бо мурури шиддат ёфтани мушкилоти зиндагӣ дар Тоҷикистон пазмонии мардум нисбат ба замони Шӯравӣ афзоиш хоҳад ёфт.”
Расона таъкид мекунад, ки дар дастурҳои таълимии муосири макотиби Тоҷикистон, даврони шӯравӣ бетарафона ба қалам дода шуда, ин давра на бад ва на хуб арзёбӣ шудааст.