Баррасии ҷузъиёти сафари Шинаватра ба Тоҷикистон
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Таиланд дар Тоҷикистон (муқими шаҳри Остона) ҷаноби Чан Ҷулламон сафари қарибулвуқӯи сарвазири Таиланд, хонум Йинглак Шинаватраро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар рафти мулоқот, ки 14-уми август сурат гирифтааст, дар баробари сафари расмии сарвазири Шоҳигарии Таиланд, ки 19-20 августи соли 2013 дар назар аст, инчунин иштироки ҳайати таиландӣ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об, рӯзҳои 20-21 августи соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазорат мегӯяд, ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Таиланд табодули афкор намуданд.