Ҳукумати Панҷакент фурӯши иҷбории диски Раҳмонро рад кард
Ҳукумати шаҳри Панҷакент фурӯши фиттаҳои филми ҳуҷҷатии марбут ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муаллимонро рад кард.
Маҳбуба Гадоева, муовини раиси шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳукумати ноҳия аз ягонҷо ингуна дискҳои филми ҳуҷҷатиро дастрас накарда ва ба паҳн намудани онҳо низ ба касе дастур надодааст. Хонум Гадоева мегӯяд, худи ӯ ҳанӯз ин дискро надидааст, ки чигуна ва чихел филми ҳуҷҷатӣ мебошад.
Ба гуфтаи хонум Гадоева, агар чунин диске дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ироа шавад, муаллимони ноҳия барои харидорӣ намуданаш омодаанд: “Агар воқеан ҳам он диск дар бораи президент барои мактабҳо ва муаллимон бошад, муаллимони Панҷакент худ онро ихтиёран мехаранд.”
Аз сӯи дигар, муаллима Нуралиева, яке аз омӯзгорони мактаби деҳаи Ёрии Панҷакент низ фуруши иҷбории дискҳои мазкурро рад карда, гуфт: “Ба мо касе диск нафурухтааст ва аз ингуна дискҳо ҳам хабаре надорем.”
Ин дар ҳолест, ки торнамои “Сентразия” аз иҷборан фурӯхта шудани фиттаи силсила филмҳои ҳуҷҷатии марбут ба фаъолияти президент Раҳмон ба муаллимон ва кормандони муассисаҳои шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хабар медиҳад: “Тамоми раҳбарони корхонаву муассисаҳои ноҳияи Панҷакент барои паҳн ва тақсим кардани фитаҳои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон миёни зертобеон ва сокинон аз мақомоти ноҳия дастур гирифтаанд.”
“Сентразия” мегӯяд, шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур ин маҷмуаи фитаҳоро ба муаллимон тақсим карда, гӯиё аз маоши онҳо 350 сомонӣ ба таври иҷборӣ кам мекардааст. Инчунин манбаъ афзудааст, ки ин фиттаҳо дар бозорҳои навоҳии Панҷакент, Истаравшан ва Шаҳристон ба фуруш низ гузошта шудааст.
Маҷмуаи фитаҳои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 27 диски алоҳида буда, аз ҷониби Корхонаи давлатии "Тоҷиккино" омода карда шудааст.
Ин силсила филмҳо тамоми кору фаъолияти раисиҷумҳури кишварро, шуруъ аз соли 1992 то ин дам дар бар мегиранд. Дар ҳар филм аз як соли фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ шуда, чанд тои дигар ба мавзӯъҳои муайян бахшида шудаанд.