«Толибон» як вакили занро рабудаанд
Мақомоти Афғонистон аз рабуда шудани як узви парлумон хабар додаанд. Гуфта мешавад, ин вакилзан замоне ба дасти «Толибон» афтодааст, ки бо фарзандонаш дар ҷануби шаҳри Кобул сайр мекард.
Баъдан, бо кумаки неруҳои Афғонистон ва НАТО фарзандони Фариб Аҳмади Какар раҳо шудаанд, аммо худи ӯ ҳанӯз дар асорати «Толибон» аст.
Какар нахустин зани сиёсатмадори афғон аст, ки аз сӯи «Толибон» рабуда мешавад. Чанд рӯз қабл як вакилзани дигар аз як суиқасд ҷон ба саломат бурд.
Гуфта мешавад, ахиран теъдоди ҳамлаҳо ба занҳои фаъоли Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст.