Додгоҳ боз талаб кардааст, ки Кабирӣ аз ҳукумат узр пурсад
Боздошти баҳси додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон бо ҳукумати Душанбе, ахиран бекор шуда, додгоҳ боз талаб намудааст, Кабирӣ аз ҳукумати Душанбе узр пурсад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, иҷрокунандаи вазифаи раиси мурофиа дар додгоҳи Душанбе, Мирзоев.Р. боздошти парвандаро бекор кардааст ва дубора ин масъала баррасӣ мешавад.
Ёров афзуд, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, раҳбари ҲНИТ барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, тариқи васоити ахбори омма, аз ҳукумати Душанбе узрхоҳӣ намояд, норозист ва илова намуд, ки ҳафтае пеш ба Додгоҳи олии кишвар шикоят бурдааст.
Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ба одилона баррасӣ гардидани ин парванда дар Додгоҳи Олӣ низ чандон боварӣ надорад: “Парванда сиёсӣ аст. Аз ин хотир Додгоҳи Олӣ низ онро қазияи сиёсӣ гуфта, бетағйир мемонад”.
Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, баъди баррасии Додгоҳи Олӣ ният дорад, ба воситаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба Кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Женева муроҷиат кунад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хилофи қарори Додгоҳи олист, ки соли 2011 қабул шудааст. “Додгоҳи олӣ бо қабули қарор «Дар бораи таҷрибаи додгоҳӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ» узрхоҳии иҷбории шаҳрвандонро назди шахсият ва ё давлат комилан манъ кард. Аз ин хотир ҳукми додгоҳи Сомонӣ хилофи меъёрҳои қонунгузории кишвар мебошад. Илова бар ин, узрпурсии шаҳрвандро Кодекси шаҳрвандӣ низ муқаррар накардааст”,-таъкид кард вакили дифоъи Муҳиддин Кабирӣ.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, қаблтар гуфт, ки ба ҳеч ваҷҳ аз шаҳрдории Душанбе барои ҳарфҳояш дар мавриди дарахтбурӣ дар пойтахт маъзаратхоҳӣ нахоҳад кард. “Қаблан эълон карда будам, ки ҳеч узрхоҳӣ нахоҳад буд. Агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”
Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.