Маҷбур намудани сокинон барои харидории дучарха
Дар Туркманистон мақомот мардуми ин кишварро ба харидории дучарха барои иштирок дар чорабинии "Дучархаронии дастаҷамъонаи туркман" маҷбур месозанд.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, алакай барои мансабдорони давлатии туркман намунаи дучархае, ки дар чорабини савор мешаванд, муайян шудааст: “Арзиши дучархаи мансабдорони баланпояи давлатӣ набояд аз 500 ва зертобеашон аз 170 доллари амрикоӣ поин бошад.”
Манбаъ мегӯяд, яке аз муаллимони макотиби миёнаи шаҳри Ашқобод мегӯяд, қудрати харидорӣ намудани дучархаро надошт ва аз ин рӯ, аризаи истеъфоияшро ба директори мактаб пешниҳод карда буд. Вале ба гуфтаи ӯ, азбаски саффи муаллимони химия хеле кам мебошад, директор ин муаллимро аз иштирок дар чорабинии мазкур озод намудааст.
Ин дар ҳолест, ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон чанде қабл дастур дода буд, ки тамоми мардуми кишвараш рӯзи 1-уми сентябр савори дучарха шаванд. Бердимуҳаммадов гуфта буд, ин иқдом ба хотири беҳтар гардидани саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва машҳур гардидани варзиши дучарха гирифта шудааст.
Бояд гуфт, дар ин рӯз, тамоми шаҳрвандони Туркманистон аз кӯдакон сар карда, то донишомӯзони макотиби олию миёна ва кормандони муассисаҳои давлатию хусусӣ бояд дар кӯчаҳо савори дучарха шаванд.