Боздошти як ҷавон барои кордзании сокинон дар Шуғнон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон як ҷавони 24-сола барои корд задани ду сокини дигари ин ноҳия боздошт шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба ШВКД дар ноҳияи Шуғнон, шаҳрвандон Лангаршоев Мумин Додихудоевич, соли таваллудаш 1982 ва Замоншоев Пайшанбе Ҷумаевич, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Шуғнон арз намудаанд, ки рӯзи 8 августи соли 2013, дар ҳудуди деҳаи Фижди ноҳияи Шуғнон, шахси номаълум аз сабаби муноқишаи ба миён омада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, сипас бо корди дар дасташ буда ба тарафи рости бадани Замоншоев ва ба тарафи чапи пушти Лангаршоев задааст.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба авбошӣ шаҳрванд Саидмамадов Манучеҳр Мирзонаботович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шуғон дастгир карда шуд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар мавриди ҷабрдидагон манбаъ меафзояд, ки айни ҳол дар беморхона бистарӣ гардидаанд.