Тураҷонзода, “девори намкаш”?
Дилошӯб Орифзода
Шояд на ҳама аз ҷузъиёти мурофиаи мазкур огоҳ бошанд. Аз ин хотир мухтасар ёдовар мешавем. Моҳи феврали соли пор, дар шабакаи давлатии ТВ «Суғд» дар барномаи «Сӯҳбати озод», мавзуъи «Ошӯро аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам» барои баҳс гузошта шудааст. Ва барои баррасии ин масъала муллоҳоро даъват кардаанд. Пас аз пахши барнома, сару садоҳои зиёд баромад, зеро дар барнома, бино бар гуфти шоҳидони ҳол оилаи Тӯраҷонзодаҳо зери тозиёнаи танқид қарор гирифтаанд. Баъдан Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чаҳор нафар иштирокдорони барномаро ба додгоҳ кашид. Инҳо киҳоянд: Раиси шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Исфара Насрулло Азизов, имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Конибодом Мақсудҷон Умаров ва рӯзноманигори ТВ «Суғд» Тоҳир Искандарзода.
Насрулло Азизов: «Оилаи Тӯраҷонзодаҳо ранги шиаҳо ва рофизиҳо»
Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи чоршанбе, 31-уми июл, соати 8 субҳ оғоз гардид. Чун дар мурофиаи 18- уми март, ки Насрулло Азизов гуфта буд, ҷузъиёти суханҳои гуфтаашро дар хотир надорад, баҳси додгоҳӣ то ба имрӯз ба таъхир гузошта шуд. Судия пурсиши ҷавобгаронро аз оқои Азизов оғоз кард. Ба ӯ суол дода шуд, ки нисбати даъвои Тӯраҷонзода чӣ андеша дорад, муло Насрулло гуфт, ӯ оилаи Тӯраҷонзодаҳо гуфта, Эшони Нуриддинҷонро дар назар доштааст, на Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро. Барои ҳамин мудаои даъвогарро беасос меҳисобад. Ӯ иброз намуд, ки онҳо ҳадафи шаъну шарафи онҳоро паст карданро надоштаанд ва ҳам накардаанд.
Дар идомаи баромадаш, домулло Насрулло зикр кард, ки дар матни барнома (стенография), ки аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд омода карда шудааст, ба ҷои баъзе калимот ибораҳои дигар омадаанд. Ӯ мисол овард, ки ба ҷои ранги шиаҳову рофизиҳо, онҳо ранги сиёҳ ва марофизҳо навиштаанд.
Пас аз ин суханони ӯ намояндаи ҷониби даъвогар ҳуқуқшиноси маъруф Файзинисо Воҳидова бо чанд суол ба ҷаноби Азизов муроҷиат намуд, ки яке аз онҳоро инҷо баррасӣ хоҳем кард. Ӯ гуфт ки шумо оилаи Тӯраҷонзодаҳоро шиа унвон кардед, магар ин таҳқир нест? Мулло Насрулло посух гардонид, ки ман шиа нагуфтам, балки ранги шиаҳо ва рофизиҳо гуфтам. Бо як мисол бону Воҳидова ҷавобгарро «мот» кард: «Мо анорро ранги анор мегӯем, дуруст аст? Мо анорро ранги шафтолу ё зардолу намегӯем-ку?»
Ҳоҷӣ Ҳусейн Мўсозода: «Ҳадафи мо таҳқир кардан набуд»
Ҷавобгари навбатӣ раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода буд. Ба ӯ низ аз ҷониби Матлуба Ҳабибуллоева суоле, ки ба Азизов дода буд, такрор гардид. Ҳоҷӣ Ҳусейн иброз намуд, ки ҳадафи онҳо таҳқир кардан набудааст. Ӯ гуфт онҳо танҳо мехостанд мардумро ислоҳ кунанд, то ки ҷомеа ба тарғиботи дигар мазоҳиб даст назананд. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки барномаи телевизионӣ тарғиботи набуда, балки таҳфимотӣ мебошад. Мӯсозода гуфт, ки имрӯз дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ навишта шудааст, ки дар ин масҷид намоз тариқи мазҳаби Имом Аъзам адо карда мешавад. Аз ин хотир набояд дар дохили масҷид амали дигар мазҳабҳо анҷом дода шавад. Аз баромади ӯ маълум буд, ки ӯ даъвои Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзодаро беасос меҳисобад. Ин ақадаашро як рӯз қабл аз баргузории мурофиаи судӣ низ ба «Озодагон» иброз намуда буд.
Вакили дифои Тӯраҷонзода ба ҷавобгар суоле пешниҳод кард, ки оё ҷашгирии иди ошӯроро шӯрои уламо манъ кардааст, Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода ҷавоб гардонид, ки манъ неву маҳкум мекунад. Агар чунин аст, пас суоле ба миён меояд, ки чаро аз ҷониби муллоҳои «ҳукуматӣ» як оилаи бонуфузи ҷумҳурӣ зери тозиёнаи танқид қарор гирифтаанд? Дар ҳоле ки мазҳаби Абӯҳанифа таҷлили ошӯроро танҳо маҳкум кардааст. Ба ин суолҳо низ дар мурофиа муллоҳо посух гардониданд, ки шиаҳо метавонанд дар кишвари мо низ рӯзи ошӯроро қайд кунанд, аммо на дар масоҷиде, ки дар он аҳли сунна вал ҷамоат ибодат мекунанд. Яъне, бояд масҷиди алоҳидае дошта бошанд. Аз ин ҳарфҳои эшон хулоса баровардан мумкин аст, ки агар Тӯраҷонзодаҳо хоҳанд дар масҷиди шиаҳо ошӯро барпо кунанд.
Мақсудҷон Умаров: «Аз навиштаҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо бӯи солҳои 90-ум меояд»
Яке аз ҷавобгароне, ки бисёр оромтабиат менамуд, Мақсудҷон Умаров буд. Аммо аз чӣ бошад, ки дар барномаи «Суҳбати озод» аз ҳама дида суханҳои вазнинтарро ӯ гуфтааст. Гумон кардам, ки Мақсудҷон барнома суҳбати озод аст, гӯён, чӣ чизе ки ба даҳонаш омадааст, дониста надониста, фаҳмида нафаҳмида, гуфтааст. Яъне, ӯ дар рафти баррасии мавзӯи «Ошӯро аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам» суҳбат карда, мегӯяд, ки аз навиштаҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо дар матбуоти давр ғараз ва бӯи солҳои наваддум меояд. Ҳамчунин дар вақти суханрониаш иброз намуда, ки аз пушти ин оила ҳазорҳо мардум вафот карданд, чандин ҳазор занҳо бева монданд ва кӯдакон ятим шуданд. Аммо гумони ман хато баромад, зеро ӯ барои чӣ ин суханҳоро иброз намудаашро низ баён кард. Мақсудҷон Умаров ба таърих рӯ овард ва солҳои оғози ҷангро нақл кард. Ӯ иброз намуд, ки дар он вақт дар мадраса таҳсил мекардааст ва қозии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода будааст. Ба гуфти ӯ маҳз қарори ҷанозаи камунистонро нахонданро Тӯраҷонзода бароварда ва ҳама муллоҳоро маҷбур кардааст, ки ин фатворо ба ҳама расонанд. Ӯ мегӯяд, ки ин қарор суру садои зиёдро ба бор овард. Мардум эътироз нишон доданд. Ҳатто муллоҳое, ки ба ин қарор итоат накарданд, аз вазифа дур карда шуданд ва…
Чун ин ба баҳси додгоҳӣ робита надошт, судия Ҳабибуллоева хоҳиш кард, ба масъалаи асосӣ баргардад. Яъне аз ҳарфҳои муло Мақсудҷон маълум буд, ки суханҳояшро «асоснок» гуфтааст. Аммо ба суолҳои ҷониби даъвогар пусухи мушаххас гардонида натавонист. Масалан, Воҳидова суол пешниҳод кард, ки чаро шумо мушаххас нагуфтед, ки кадоме аз узви оиларо дар назар доред? Охир дар оилаи Тӯраҷонзодаҳо боз чандин бародарону хоҳарон ҳастанд. Аз ин хотир Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода худро таҳқиршуда ҳисоб мекунад ва ба додгоҳ даъво кардааст.
Тоҳир Искандарзода: «Сенарияи пешакии барнома набуд»
Шояд Тоҳир Искандарзода намедонист, ки барномаи омода кардааш, чунин баҳси гармро ба миён меорад. Зеро дар тӯли 20 соли фаъолияташ бори аввал ӯро ба додгоҳ кашидаанд. Ӯро низ доварикунандаи мурофиа аз ҷои «гармаш» (зеро то омадани навбаташ, наздик се соат гузашта буд) хезонид ва ба суол додан оғоз кард. Ҳабибуллоева пурсид, ки маърифти диниаш дар кадом сатҳ аст? Искандарзода дар ҷавоб бо табассум гуфт: «Алҳамдулиллоҳ мусалмон ҳастам, лекин дар ягон мадраса таҳсил накардаам».
Дар мавриди аз ҷониби кӣ интихоб шудани мавзуъ илова намуд, ки маъмурият ба ӯ пешниҳод кардаанд. Зеро ҳамон шабу рӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ҷашнгирии ошӯро буд. Аксар фикр мекунанд, ки гӯё барнома тарҳрезишуда буд, аммо Искандарзода гуфт, сенария пешакии барнома набуд. Зеро дар барномаи «Суҳбати озод» мавзуъ интихоб мешавад, вале сенария сохта намешавад.
Рӯзноманигори шабаки «Суғд» гуфт, дар барнома ҳар чизе, ки баён кардааст, иқтибос аз матбуоти давр аст. Аммо Искандарзода ҳангоми суол додан, манбаи иттилоашро таъкид накардааст, ки ин хилофи қонунҳои вобаста ба ВАО мебошад.
Ҷониби даъвогар ба журналист як чанд суолҳои «обдор» дод, ки шармам омад. Зеро ӯ аз касбияти рӯзноманигор сухан мекард. Воҳидова ба Искандарзода муроҷиат кард, ки чаро барои риоя кардани тавозун, ки яке аз талаботи илми журналистика ба ҳисоб меравад, ҷониби танқидшавандаро даъват накардед? Искандарзода гуфт, барои риояи баланс онҳо дар толор донишҷӯён ва мардумро даъват карда буданд. Пас аз гузашти чанд дақиқа ба сараш фикре омаду аз судя хост сухан кунад. Ӯ ба суоли Воҳидова, ки маънияш чаро Тӯраҷонзодаҳоро ба барнома даъват накардед, чунин посух гардонид, ки онҳо дар дигар минтақа басар мебаранд, аз ин хотир натавонистаанд, онҳоро ба барнома даъват кунанд. Ин посухаш бисёр хандаовар буд, зеро як инсони оқил ҳеҷ тасаввур карда наметавонад, ки дар шароити имрӯзаи кишвар симо ва сухани намояндаҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо аз ТВ-ҳои давлатӣ, намоиш дода шавад.
Тӯраҷонзода «девори намкаш»?
Музокираи судӣ оғоз гардид. Вакили дифои Тӯраҷонзода ба раисикунандаи мурофиа гуфт, ки ҷавобгарон ягон далели инкоркунанда, пешниҳод накарданд. Аз экспертизаи судӣ ёдовар шуд, ки қаблан Воҳидова ба «Озодагон» гуфта буд:
- Экспертизае, ки имрўз аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат ҷумҳурӣ дода шудааст, гарчанде он қадар саҳеҳ набошад ҳам, лекин хулоса дода, ки доир ба он гуфтаҳое, ки аз ҷониби иштироккунандагони ҳамин барнома изҳор карда шудааст, гузаронидани тафтишоти пешаки зарур аст. Яъне кумита бо ин хулосаи худ эътироф намудааст, ки дар ин ҷо ҷиноят аст, дар кирдори ҳар як иштироккунандаи ҳамин барнома, лекин бо назардошти он ки имрӯз ҳамчун ҷиноят аз кодекси ҷиноятӣ тӯҳмат ва таҳқир бардошта шудааст, бинобар ҳамин мо ба тариқи муносибатҳои гражданӣ ба суди гражданӣ муроҷиат намудем.
Зимоми суханро Ҳабибуллоева ба домуллоҳо дод, ки қариб ҳама ҳаммонанди якдигар суҳбат мекарданд. Масалан, Ҳоҷӣ Ҳусейн Мўсозода гуфт, ки дар рафти барнома ягон маротиба номи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зикр нагардидааст. Дар идомаи баромадаш илова намуд, ки аз нигоҳи ӯ барнома ба шахсияти Тӯраҷонзода дахл надорад.
Навбати сухан ба ҷаноби Азизов расид, ӯ иброз намуд, ки оилаи Тӯраҷонзодаҳо гуфта, бародари калонии оила Эшони Нурридҷонро дар назар доштааст, аммо ба гуфти вай Ҳоҷи Акбар ба монади «девори намкаш» рафтор карда, аз болои онҳо муроҷиат кардааст. Мақсудҷон ва Искандарзода низ иброз намуданд, ки ҳадафи таҳқир карданро надоштанд.
Интизориҳо аз қарори суд
Файзинисо Воҳидова мегуфт, бовар дорад мурофиа бар фоидаи ҷониби ҷавобгарон ҳал мешавад, аммо ман тасаввур карда наметавонистам, ки чӣ гуна чунин мешавад, зеро аз мушоҳидаам ба хуллоса омада будам, ки ҷавобгарон бояд муҷозот карда шаванд. Зеро дар мурофиа ягон ваҷҳи инкоркунандаи даъвои Тураҷонзода пешниҳод накарданд.
Котибаи суд ҳамаро ба толор даъват намуд ва судя Матлуба Ҳабибуллоева ҳалномаро ба пуррагӣ хонд. Маълум гардид, ки аризаи даъвогии Тӯраҷонзода рад карда шуда, илова гардид, ки касе аз қарори суд норизо бошад, пас аз дастрас шудани ҳалнома, дар давоми як моҳ ба сатҳи болоии додгоҳ муроҷиат барад.
Аз толор берун омадем ва дар симои ҷавобгарон табуссум ҷилва мекард. Дар ҳамин ҳол вакили дифои Тӯраҷонзода гуфт, дар ин кишвар суд манфиатҳои мардумро нодида гирифта, танҳо манофи давлатро ҳимоят мекунад. Аммо аз қарори суд ӯ асабӣ намешуд, зеро ба гуфти худи ӯ чандин маротиба шоҳиди ин ҳодисаҳо шудааст.
Бознашр аз хафтаномаи "Озодагон"