Бахси ахдофи иқтисодии номзади мухолифин ба президентӣ
Ҳумайрои Бахтиёр
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта бо баргузории ҷаласаи навбатӣ консепсияи пешазинтихоботии худро мавриди баррасӣ қарор доданд. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ гуфт, ки барномаи номзади ягонаи мухолифин ба президентӣ, дар асоси ҳамин консепсия тарҳрезӣ хоҳад шуд.
Гуфта шуд, ки консепсияи мазкур барои як давраи 4 солаи гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми демократӣ пешбинӣ шуда, дар сурати пирӯзиро ба даст овардан, номзад уҳдадор мешавад то консепсияро амалӣ намояд. Арзишҳои олии инсон, мардумсолорӣ, ба роҳ мондани адолати додгоҳӣ ва иҷтимоӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, озодии виҷдон, сухан ва расонаҳои хабарӣ аз аҳдофи қабули консепсия арзёбӣ гардид. Барномаи амалии консепсияи пеш аз интихоботии иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон бознигарӣ дар бахшҳои қонунӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангу маоифро дар бар мегирад.
Нуктае, ки бештар иштирокдорони ҷаласаро ба баҳс кашид, ин давоми ду сол ба истифода додани ду агрегати неругоҳи Роғун мебошад. Зарафо Раҳмонӣ, узви ҲНИТ зикр шудани мӯҳлати ба истифода додани ду агрегати Роғунро ғайримантиқӣ хонд. Ба гуфтаи ин хонум эҳтимол аст, танҳо барои ҷамъоварии ҳуҷҷати ин иншоот ду сол сипарӣ гардад.
Дар ҳамин маврид Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ гуфт: "Нофаҳмиҳо танҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ аст. Ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун танҳо як каме ҷасорат ва иродаи сиёсӣ мехоҳад. Гузашта аз ин касе нагуфтааст, ки Роғун набояд сохта шавад. Роҳамонро бастанд, сарҳад минагузорӣ шудааст, низоми раводид ҷорӣ аст, мо дигар аз чӣ метарсем? Фаъол кардани нерӯгоҳи Роғун танҳо иродаи сиёсӣ мехоҳад".
Бояд гуфт, ки бахши иқтисодии консепсияи пешаинтихоботии иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баҳси зиёдро ба вуҷуд овард. Ишора нагардидани рушди бахши истеҳсолот ва саноати кӯҳӣ аз ҷумлаи эроди иштирокдорони ҷаласа буд.
Ваъдаи таъмини иҷтимоии мардум, комилан ройгон кардани таҳсилот, тандурустӣ, ройгон кардани роҳҳо, монополияи давлатӣ кардани доруфурӯшӣ, таъмини ҳадди ақали музди меҳнат баробар бо сабади истеъмолӣ, баргардонидани маблағҳои мардум, ки барои хариди саҳмия равона шудааст, таъмини назорати истифодаи грантҳо ва қарзҳои давлатӣ ва ворид намудани хидмати алтернативӣ аз ҷумлаи нуқоти аслии бахши иқтисодии консепсия мебошад.
Дар робита ба ин Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки консепсия бисёр хушбинона таҳия гардида, мардумро барои овоздиҳӣ ба номзади ягона водор намекунад. Дар бахши ислоҳоти конститутсионӣ, Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ бештар ба маҳдуд кардани мӯҳлати президентӣ дар Тоҷикистон ишора кардаанд. Ба ду чор сола маҳдуд кардани президентӣ, тақсим кардани салоҳияти идораи давлат, миёни раисҷумҷур, парлумон ва сарвазир. Гузаштан ба низоми парлумони якпалата бо таъмини намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо (90 вакил +60 вакил аз феҳрасти аҳзоб, дар маҷмуъ150 вакил), интихобӣ будани раисони вилоят, ноҳияҳо, шаҳр ва ҷамоатҳо, интихобӣ будани додрасҳои ҳама зинаи додгоҳӣ ва интихоби раҳбари КМИР дар ҷаласаи парлумон ва бо пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ аз нукоти марказӣ дар ҷаласаи ислоҳотхоҳон буданд.
Дар муқаррароти консепсия омадааст, ки барномаи ислоҳотӣ давоми 4 сол амалӣ гардида, баъдан интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳарчанд Сарқонуни кишвар муҳлати президентро барои 7 сол муаяйн кардааст, вале номзади ИНИТ уҳдадор мешавад, то баъди ҷорӣ кардани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити баргузории интихоботи президентӣ номзадии худро дигарбора нагузорад. Қабули консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ ба делели баъзе камбудиҳо ба таъхир гузошта шуд ва интизор меравад 18 уми августи соли ҷорӣ, консепсияи ИНИТ бо дарназардошти эрод ва пешниҳоди иштирокдорони ҷаласа қабул карда шавад.