Кобул ба ифтитоҳи дафтари «Толибон» дар Туркия ё Арабистони Саудӣ эътироз надорад
Ҳукумати Афғонистон дар ҳоли баррасии эҳтимоли ифтитоҳи намояндагии «Толибон» дар Туркия ва ё Арабистони Саудӣ аст. Ин нуктаро Ҷонон Мусозой, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон изҳор доштааст.
Ёдовар мешавем, соли равон «Толибон» аз ифтитоҳи дафтарашон дар Қатар хабар доданд, аммо баъди эътирози ҳукумати Афғонистон он зуд фаъолияташро қатъ намуд. Баъдан, хабарҳое расиданд, ки ИМА мехоҳад, намояндагии «Толибон» дар кишвари дигар боз шавад. Ин тасмимро Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ ҷонибдорӣ кард.
Ҷонон Мусозой гуфтааст, беҳтарин варианти мулоқот бо «Толибон» ҷиҳати ҳалли низоъҳо Афғонистон аст, аммо агар «Толибон» инро намехоҳанд, пас Кобул барои фаъол шудани дафтари онҳо дар Туркия ё Арабистони Саудӣ эътирозе надорад.
Дар ҳамин ҳол, ВАО-и Покистон навиштааст, феълан музокироти ҳукумати Афғонистон бо «Толибон» дар қаламрави Аморати муттаҳидаи Араб идома дошта, Афғонистонро дар он Абдулқаюм Карзай, бародари Ҳомид Карзай намояндагӣ дорад.