Ҷилавгирӣ аз даргирии қавмӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти пулиси вилояти Бодканд сади роҳи низои қавмӣ дар манотиқи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон шудаанд.
Хабаргузории “Кg.24” аз қавли пулиси вилояти Ботканди Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки чанде қабл миёни ҷавонони деҳаи Оқсои ин кишвар ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар наздикии деҳаи Ворух муноқишае ба миён омадааст.
Манбаъ мегӯяд, ин даргирӣ дар пайи ворид шудани гусфанду бузи шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон ба миён омадааст: “Дар аввал миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳои лафзӣ ба миён омада, баъдан ба партови санг ба ҷониби ҳамдигар табдил ёфтааст. Ҳузури саривақтии мақомоти пулиси ду ҷониб боиси хотима ёфтани задухурд гардидааст.”
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин даргирӣ касе осеб надидааст. Маврид ба зикр аст, ки даргирӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар ин манотиқ бори аввал набуда, моҳи майи соли ҷорӣ низ дар ин минтақа задухурде миёни шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.