Узбакистон марзи худ бо Қирғизистонро баст
Узбакистон тули се шабонарӯз мешавад, марзҳои худ бо Қирғизистонро маҳкам кардааст.
Расонаҳои қиргизӣ менависанд, ки шуруъ аз рӯзи 11-уми августи соли ҷорӣ Узбакистон гузаргоҳҳои марзии худ бо Қирғизистон, “Достлик” ва “Қадамҷой”-ро масдуд кардааст.
Саидҷон Эратов, сардори Раёсати фаврии Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, масдуд шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тошканду Бишкек марбут ба ҷашни рӯзи истиқлолияти Узбакистон мебошад, ки ҳамасола рӯзи 1-уми сентябр таҷлил мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин раванд тули се ҳафта идома хоҳад ёфт.
Ин дар ҳолест, ки Токон Мамедов, муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба умури амниятӣ ин қазияро дигар хел шарҳ дода гуфтааст, ҷониби Узбакистон марзҳои худро ба хотири ҳодисаи ахири марзӣ, ки миёни марзбонони узбаку қирғиз ба миён омада буд, бастааст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 23-уми июл миёни марзбонони узбак ва қирғиз задухурди мусаллаҳона ба миён омада, дар натиҷа як сарбози узбак ҳалок як тани дигар захмӣ шуда буд. Баъдан расонаҳо аз он хабар доданд, ки сарбози маҷруҳи узбак низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.