Вазири фарҳанг нашрияи ҲНИТ-ро дар қонуншиканӣ муттаҳам мекунад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳафтаномаи “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломиро дар пахши иттилои носанҷидаю туҳматомез дар мавриди ҳаводиси Хоруғ муттаҳам карда, бо ирсоли як огоҳинома ҳушдор додааст, ки агар такрор шавад, нисбати нашрия чораҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.
Дар огоҳиномаи Вазорати фарҳанг, ки рӯзи 7-уми август, зери имзои вазир Мирзошоҳрух Асрорӣ ба Ҳикматулло Сайфуллозода, сармуҳаррири Наҷот ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Вазорати фарҳанг сармақолаи “Хоруғ”, ки дар ҳафтаномаи Наҷот 25-уми июли соли 2013 нашр шудааст, баррасӣ намуда, Шуморо расман барои қонунвайронкунӣ огоҳ мекунад.”
Вазорат дар хитоб ба Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, “Шумо ба ҳайси муаллиф ва сармуҳаррир бархилофи банди 2, моддаи 6 ва зербандҳои 2,8-и моддаи 29-и қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма” амал карда, маълумоти носаҳеҳ, санҷиданашуда ва туҳматомезро ба табъ расондаед.”
Вазорати фарҳанг ҳушдор медиҳад, ки дар мавриди такрори чунин сӯиистифода аз озодии сухан нисбати нашрия чораҳои иловагиро меандешад.
Аммо дар идораи Наҷот бар инанд, ки дар мақолаи мавриди интиқоди Вазорати фарҳанг касбият риоя шудааст ва ба қонуншикание роҳ надодаанд.