Раҳоии боз ду муҳоҷири дармондаи тоҷик аз Абхазистон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз раҳоии боз ду моҳоҷири тоҷик, ки дар қаламрави Абхазистон дармонда буданд, хабар медиҳад.
Ба иттилои сафорат махсус барои берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, Абдукаримов Саъдӣ ва Абдуманон Ёқубов дар минтақаи Краснодар гузаргоҳи муваққатӣ кушода шуд ва шаҳрвандони тоҷик рӯзи 12-уми август аз Абхазистон берун шуданд. Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав акнун шаҳрвандони тоҷик бояд давоми се шабонарӯз қаламрави Русияро низ тарк карда, ба Ватан баргарданд.
Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандоyи тоҷик ҳушдор медиҳад, ки аз сафар ба Абхазистон худдорӣ кунанд, чун бозгашт аз ин кишвар барояшон мушкил хоҳад буд ва расмиёту вақти зиёдро металабад.