Қазоқистон низоми раводид бо Чинро бекор мекунад?
Кайрат Сарубай, муовини вазизи хориҷии Қазоқистон гуфтааст, кишвараш нияти аз байн бардоштани низоми раводид миёни Остона ва Пекинро надорад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, Кайрат Сарубай хабарҳо дар мавриди қатъи низоми раводид миёни Чину кишварашро беасос хонда, аз ин бобат изҳори беиттилоӣ кардааст.
Ӯ гуфтааст, танҳо сода намудани низоми раводид дар назар аст. Зеро ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии казоқ, вақтҳои охир шаҳрвандони Қазоқистон аз мушкил шудани дарёфти раводиди Чин шикоят доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мардуми қазоқ аз пахши хабарҳо дар мавриди аз миён бардоштани низоми раводид миёни Чину Қазоқистон барои гуруҳҳои сайёҳон иброзӣ нигаронӣ карда, гуфта буданд, ин раванд ба афзоиши муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Чин ба ин кишвар суръат мебахшад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло миёни Чин ва Қазоқистон дар як ҳафта беш аз 30 хатти парвоз вуҷуд дошта, интизор меравад, ин нишондод то соли 2014 ба 35 адад расад.