Ҳушдори Ҳамрохон Зарифӣ аз саҳифаи қалбакияш дар Фейсбук
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия мегӯяд, ба номаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи қалбакиро кушодаанд.
Дар иттилоия, ки Зарифӣ дар саҳифаи аслии фейсбукияш пахш намудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «7 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook аккаунт бо номи ман – Хамрохон Зарифи (https://www.facebook.com/profile.php?id=100006486525314&fref=ts) сохта шуд. Соҳиби аккаунт тамоми маълумот ва аксҳоро аз саҳифаи аслии худам нусхабардорӣ карда, дар аккаунти қалбакӣ ҷо намудааст. Дар ҳоли ҳозир он шахс аз номи ман ба шахсони бисёре “пешниҳоди дӯстӣ” (добавить в друзья) фиристодааст.»
Зарифӣ ба ҳамаи истифодабарандагоне, ки бо аккаунти (https://www.facebook.com/profile.php?id=100006486525314&fref=ts) рӯ ба рӯ мешаванд, ҳушдор медиҳад, ки он қалбакӣ мебошад.