Савдои сусти чиптаҳо Сиёвушро аз ҳақталошӣ боздоштааст
Нархи чиптаи консерти Сиёвуш Қумайшӣ, овозхони маъруфи эронӣ, ки соати 18:00-и имрӯз, 13-уми август дар Кохи Борбад дар назар аст, ду маротиба арзон шуда, аз 300-500 сомонии қаблӣ то 150 сомонӣ пойин рафтааст.
Марҳабо Азизова, роҳбари маркази продюсерии «Марҳабо», ки ҳамроҳ бо телевизиони «Next 1» консерти Сиёвушро дар Душанбе ташкил кардааст, имрӯз, 13-уми август дар суҳбат бо хабаргузории «Озодагон» арзоншавии чиптаҳоро таъйид намуда, афзуд, ки нархҳои қаблан муайяншуда барои мардум гарон буданд. Ӯ cабаби аз аввал нисбатан гарон таъйин намудани нархҳоро дар он гуфта, ки консерти Сиёвуш аз серхарҷтаринҳо дар Тоҷикистон мебошад: «Танҳо нархи иҷораи кохи Борбад, 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То ҳол мо ҳатто пули иҷораи Борбадро ҷамъоварӣ накардаем.»
Азизова афзуд, ки Сиёвуш, ин ҳолро дида, ҳаққи худро талаб накардааст. Баробари ин раиси маркази продюсерии «Марҳабо» афзуд, ки Сиёвуш дирӯз ба Тоҷикистон ҳозир шуда, ба пешниҳод оиди баргузории нишасти васеи хабарӣ бо журналистон ҷавоби рад додаст: «Сиёвуш гуфт, ки бисёр хаста аст ва бояд ба барномаи консертиаш омода шавад. То баргузории консерт ягон мулоқот бо ВАО дар назар нест. Шояд баъди консерт Сиёвуш қарор кунад, ки бо журналистон мулоқот намояд. Ӯ то 15-уми август дар Тоҷикистон хоҳад буд.»
Аз ин пештар Муин, Андӣ, Ораш, Мансур, Лайло Фуруҳар, Афшин ва чандеи дигар аз овозхонҳои маҳбуби эронӣ дар Тоҷикистон консертҳояшонро баргузор кардаанд. Ин барои нахустин бор аст, ки Сиёвуш Қумайшӣ ба Тоҷикистон меояд. Вай соли 1945 дар Эрон таваллуд шуда, баъдан ба хориҷа рафтаву дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст. Чанде аз таронаҳои Сиёвуш, аз ҷумла “Фарангис”, “Қиссаи гулу тагарг”, “Асалбону”, “Ниқоб” ва “Паранда” (ин таронаро бо Муин иҷро кардааст) миёни сокинони Тоҷикистон маъруфият доранд.