Хонандаи мактаб ду мактабхони дигарро бо корд маҷруҳ кардааст
Як хонандаи 15 солаи мактаби таҳсилоти умумии №9-и шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша ба ду ҳамсоли дигараш ҳамла карда, онҳоро бо корд захмӣ кардааст.
Тавре ба «Озодагон» аз Шӯъбаи умури дохилии маркази вилояти Суғд хабар доданд, зимни анҷоми чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шудааст, ки ноболиғон Нуриддин Каримов, соли таваллудаш 1998, Азизҷон Бобоев, соли таваллудаш 1998 ва Акмалҷон Абдураҳимов, соли таваллудаш 1996, сокинони шаҳри Хуҷанд, хонандаҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №9 дар назди бинои маҳаллаи 8-уми шаҳр бо ноболиғон Валиҷон Нурматов, соли таваллудаш 1998 ва Хайрулло Хуҷаев, соли таваллудаш 1997, ҳамчунин хонандаҳои ҳамин мактаб даст ба гиребон шудаанд.
«Дар натиҷа Нуриддин Каримов бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шиками Валиҷон Нурматов ва ба тахтапӯшти Хайрулло Хуҷаев задаст. Дар натиҷа онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд»,-афзуд манбаъ.
Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.