Як зеристгоҳи 220 киловата дар Норак бо ҳузури президент ифтитоҳ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон фардо, 13-уми август ба шаҳри Норак меравад.
Дар ин сафар ӯ бо вазъи НБО Норак шинос гардида, дар расми ифтитоҳи як зеристгоҳи 220 килота ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки президенти кишвар бо фаъолияти корхонаи оҳан ошно гардида, хишти нахустини сохтмони як мактаб барои 1200 хонандаро бигузорад.