Индекси андозаи бозори хориҷӣ: Тоҷикистон дар ҷои 122
Тоҷикистон аз миёни 144 кишвари ҷаҳон дар рейтинги намоя ё индекси андозаи бозори хориҷӣ дар зинаи 122-юм мақом гирифтааст, -гуфта мешавад дар гузориши тозаи рақобатпазирии иқтисод (Global Competitiveness Index 2012-2013), ки аз сӯи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ё World Economic Forum таҳия шудааст.
Нишондиҳандаи аз ҳама баландро аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин раддабандӣ Қазоқистон соҳиб шудааст. Ин кишвар мақоми 43-юмро муаррифӣ мекунад. Қирғизистон дар зинаи 115-ум, Озорбойҷон 62, Молдов 118, ва Арманистон 123-юманд.
Гузоришгарон нишондиҳандаҳоро аз рӯи ҳаҷми содироти молу коло ва хизматрасонӣ тибқи шкалаи аз 1 то 7 имтиёза баҳогузорӣ кардаанд. Тоҷикистон бо 2,9 имтиёз ҷои 122-ро муаррифӣ мекунад.
Ҷумҳурии Чин бо 7 имтиёз дар зинаи аввали рейтинг нишастааст. Дар нуҳ мақоми баъдӣ ИМА (6,7), Олмон (6,5), Ҳиндустон (6,4), Корея (6,2), Гонгконг (6,2), Русия (6,1), Ҷопон (6,1), Бритониёи Кабир (6,1 балла) ва Тайван (6) қарор доранд.
Дар зинаи охири рейтинг кишварҳое назири Гамбия (ҷои 142 - 1,5 имтиёз), Бурунди (143 - 1,2) ва Тимори Шарқӣ (144 -1 бал) ҷой гирифтаанд.